Ссылки доступа

"Тоҷик Эйр": То 5 январ парвозҳо комилан боздошта мешаванд


Ширкати миллии ҳавоии "Тоҷик Эйр" гуфт, ки муваққатан парвози ҳавопаймоҳо ба бархе самтҳоро бозмедорад. Дар ин бора субҳи 2-юми январ хадамоти матбуоти ин ширкат бо нашри як изҳорот, хабар дод.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст, ки "ширкати ҳавоӣ маҷбур шудааст бо далелҳои тиҷоратӣ ба ҷадвали парвозҳояш дар моҳи январи соли 2019 тағйирот ворид кунад".

Ширкат тавассути матбуот ва ҳам колл-сентри худ ин хабарро ба мусофиронаш расонидааст. "Мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи парвозҳо барқарор шаванд"-, омадааст дар изҳороти матбуотии "Тоҷик Эйр".

​Ширкати ҳавоӣ инчунин аз расонаҳои хабарӣ ва ҳам блогнависҳо даъват кардааст, ки "воҳима ва ширкатро ба анҷоми амалҳои ғайри қобили иҷро даъват накунанд".

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" рӯзи 2 январ гуфт, парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкат то 5 январ боздошта мешаванд. То ин таърих "ягон парвоз ба ягон ҷо анҷом намешавад", гуфт ӯ.

Ба иттилои Хайруллоев, ба ин тартиб, "ҳафтаи ҷорӣ парвозҳои Хуҷанд, Санкт-Петербург, Теҳрон, Деҳлӣ намешаванд". Ӯ гуфт, ки ин парвозҳо ҳафтае як бор анҷом мешуд ва феълан маълум нест, ки оё ҳафтаи оянда ин парвозҳо анҷом мешаванд ё на.

Ӯ гуфт: "Ҳоло кор карда истодаем, нақшаҳоро мувофиқа мекунем, сохторҳои дохили ширкат ва раҳбарият ҳамаро мувофиқа мекунанд ва баъдан шуморо дар ҷараён мегузоранд".

Айни замон, Азиз Хайруллоев гуфт, ки аз рӯи нақшаи онҳо, парвозҳо ба самти Маскав рӯзҳои 6, 11 ва 12 январ анҷом мешаванд. Ба савол дар бораи он ки бархе мусофирон мегӯянд, СМС дарёфт кардаанд, ки рӯзи 6 январ парвози онҳо аз Маскав ба Душанбе анҷом намешавад, Хайруллоев изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, бар асоси нақшаҳои имрӯзаашон ин парвоз баргузор хоҳад шуд.

Ширкати “Тоҷик Эйр” дар маҷмӯъ ба 11 шаҳри хориҷ аз Тоҷикистон ва ду шаҳр дар ҳудуди кишвар парвозҳо анҷом медиҳад. Инҳо: Маскав, Пекин, Теҳрон, Деҳлӣ, Алмаато, Бишкек, Урумчи, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, Хуҷанд ва Хоруғ мебошад. Аксари ин парвозҳо ҳафтае як бор анҷом мешаванд. Парвозҳо ба Маскав ҳамарӯза анҷом мешуд ва моҳе пеш ба нақша гирифта буд, ки ба самти Хуҷанд ҳам ҳамарӯза парвоз кунад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки сарнавишти парвозҳои онҳо ба Маскав чӣ мешавад, гуфт: “Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки парвозҳои мо мунтазам анҷом шаванд ва ба нақша гирифтем, ки баъди 6-уми январ парвозҳо ба Маскав аз сар гирифта шаванд”.

Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ҳоле аз қатъи муваққати парвозҳо дар бархе аз хатсайрҳо хабар дод, ки авохири соли 2018 президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукумат аз кори ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" интиқод намуд ва амр дод, ки фаъолияти ширкатро бисанҷанд. Дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 29-уми ноябр раиси ҷумҳур ба мушкилиҳои ширкат ишора кардааст.

XS
SM
MD
LG