Ссылки доступа

Дар Ҳиндустон занон барои намозгузорӣ даст ба эътироз заданд


Дар аёлати Кералаи Ҳиндустон дар пайи ибодати 2 зан дар маъбади шаҳри Сабаримала - бузургтарин зиёратгоҳи ҳиндуҳо эътирозҳо оғоз шуданд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳурот аз гази ашковар истифода кард.

Эътирозгарон якчанд роҳро бастанд. Бархе аз тазоҳургарон дукондорон ва тоҷиронро ба корпартоӣ даъват доранд. Дар баъзе аз ноҳияҳои аёлат мардум ба сӯи пулис санг андохтанд.

Рӯзи 1 январ бори нахуст дар давоми чанд аср ду зан тавонистанд, дар маъбад ибодат кунанд. Ҳамон рӯз занон дар Ҳиндустон пушти ҳам саф кашида, аз худ ба дарозои 620 килолметр силсилаи зинда сохтанд. Бо ин шева онҳо пуштибонии худро аз баробарии ҷинсӣ баён карданд. Ба гуфтаи мақомот дар намоишҳо беш аз 5 миллион нафар иштирок кард.

Дар Ҳиндустон солҳо боз бонувони аз 10 то 50-сола ҳақ надоштанд ба маъбади Сабаримала ворид шаванд. Додгоҳи олии Ҳиндустон моҳи сентябри соли 2018 қарори манъро расман бекор кард. Аммо мардҳо тамоми занҳоеро, ки мехостанд ба маъбад ворид шаванд, бо сангу чӯб заданд ва ронданд.

XS
SM
MD
LG