Ссылки доступа

Бозпурсиҳои пулиси Қирғизистон дар утоқҳои "зидди шиканҷа" сурат мегирад


Для борьбы с пытками МВД Кыргызстана устанавливает прозрачные комнаты для допросов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:57 0:00

Дар чанд шуъбаи корҳои дохилии Қирғизистон утоқҳои бозпурсии дорои деворҳои шаффоф, сабти садову навор сохта шудааст. Тамоми ҷараёни бозпурсӣ аз ин ба баъд сабт мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли он кишвар ба сабтҳо дастрасӣ хоҳанд дошт.

"Мо талош кардем, ки утоқҳои бозпурсиро бо ҳама ашёи лозимӣ таъмин кунем. Бо нармафзорҳо, деворҳои шишаӣ, дастгоҳҳои сабт. Ҳамаи инҳо кумак мекунанд, ки дар утоқҳои бозпурсӣ шиканҷа сурат нагирад", - гуфт сафири Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон Эдуард Ауэр.

Навори бозпурсиҳо ба таври худкор дар пойгоҳҳои интернетӣ сабт мешаванд, ки пок карданашон номумкин мегардад.

Лоиҳаи санҷишӣ дар навбати аввал маҳз дар шуъбаҳое амалӣ шудааст, ки дар гузашта шумори бештари поймолшавии ҳуқуқи инсонро доштанд. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек аз рӯи шумори шикоятҳо ҷои аввалро касб мекард.

Роҳандозии лоиҳаи нав милисаҳоро низ ҳимоят мекунад. Шикоятҳои бардурӯғ дар бораи шиканҷа дигар номумкин мегардад. Ин тағйирот оғози ислоҳоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG