Ссылки доступа

Баъди навори "қабеҳи пулис" кормандони академия ҷазо гирифтанд


Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, навори видеои табрикоти солинавии милисае, ки ахиран дар интернет нашр шуд, дар Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар Қарағанда сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, муовини сардори таҳсили соли аввали академияи Қарағанда аз мақом барканор шудааст. Вай дар навор бо алфози қабеҳ ҳарф мезад ва ба фасодкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ишора мекард.

Алмас Садубоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, сардори роҳбари соли аввали таҳсили академияи Қарағанда Тастайбеков А.Р. аз мақомоти корҳои дохилӣ ронда шудааст. Ба иттилои Садубоев, роҳбари бевоситаи Тастайбеков ва роҳбари муассисаи мазкур ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.

31 декабр дар интернет наворе нашр шуд, ки дар он марде дар либоси милиса "бародарон" (ба эҳтимоли зиёд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ)-ро бо алфози нохушоянд табрик мекунад.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасии зиёдро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG