Ссылки доступа

Ӯзбекистон визаро барои шаҳрвандони Олмон бекор кард


Шаҳрвандони Олмон, ки мехоҳанд, бо ҳадафи сайёҳӣ аз Ӯзбекистон дидан кунанд, аз 15 январи соли равон метавонанд, ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид (виза) ба ин кишвар сафар намоянд. Дар ин бора Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон 3 январ хабар дод.

Мақомоти Ӯзбекистон пештар бо қабули қароре барои шаҳрвандони Олмон ва 12 кишвари дигар низоми содаи дарёфти раводидро ҷорӣ карда буд. Бар пояи қарор, шаҳрвандони ин кишварҳо аз 1 январи соли 2021 метавонанд бидуни раводид ба Ӯзбекистон сафар кунанд.

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта 18 ҳазору 994 шаҳрванди Олмон аз Ӯзбекистон боздид кардаанд. Шумори онҳо дар соли 2016 чор ҳазору 889 ва дар соли 2017 ҳафт ҳазору 207 нафарро ташкил медод.

Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон бо Русия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст.

Шаҳрвандони Исроил, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон низ аз моҳи феврали соли равон метавонанд, ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба Ӯзбекистон сафар кунанд.

Ҳамчунин барои шаҳрвандони 39 кишвари дигар низоми содаи дарёфти раводиди Ӯзбекистон ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG