Ссылки доступа

Трамп гуфт, яке аз раҳбарони ал-Қоидаро маҳв карданд


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, яке аз созмондиҳандагони эҳтимолии ҳамла ба киштии низомии "Коул"-и Амрико дар соли 2000 кушта шуд. Дар натиҷаи он ҳамла 17 маллоҳи амрикоӣ ҷон бохта буданд.

"Низомиёни мо аз номи қурбониён ва захмиёни қаҳрамони ҳамлаи тарсӯёна ба киштии "Коул" адолатро барқарор карданд. Мо ҳамин ҳоло фармондеҳи ин амалиёт Ҷамол ал-Бадавиро куштем", - навишт Трамп рӯзи якшанбе дар Твиттер. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки муборизаҳои ИМА зидди ал-Қоида идома хоҳанд ёфт.

Низомиёни амрикоӣ чанд рӯз пеш гуфтанд, зарбаҳои ҳавоии ИМА, ки рӯзи сешанбе дар вилояти Маъриби Яман анҷом шуданд, зидди ал-Бадавӣ буданд. Ал-Бадавӣ яке аз шаш узви ал-Қоида буд, ки ИМА онҳоро дар созмон додани ҳамла ба киштии худ айбдор медонад.

Ба иттилои "Садои Амрико", намояндаи Фармондеҳии марказии ИМА капитан Билл Урбан гуфт, низомиён натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоиро ҳанӯз ҳам меомӯзанд, вале Трамп аллакай эълом кард, ки ал-Бадавӣ кушта шуд.

17 маллоҳи амрикоӣ моҳи октябри соли 2000 дар натиҷаи як ҳамла ба киштии "Коул" дар бандари Аден кушта шуда, даҳҳо тани дигар захм бардоштанд. Масъулияти ҳамларо ал-Қоида бар зимма гирифт.

Мақомоти Яман соли 2000 ал-Бадавиро боздошт карданд, вале ӯ соли 2003 аз зиндон фирор кард. Соли 2004 дубора боздошт шуд, вале соли 2006 боз фирор кард.

Додгоҳ ал-Бадавиро дар терроризм, аз ҷумла куштори шаҳрвандони ИМА ва низомиёни амрикоӣ айбдор эълом кард. Ал-Бадавӣ ҳамчунин дар кӯшиши ҳамла ба як киштии низомии дигари ИМА низ дар моҳи январи соли 2000 айбдор шуд.

XS
SM
MD
LG