Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 25 сол пеш Пориси маҳаллӣ бунёд шуд (видео)


Қирғизистониҳое, ки мехоҳанд ба Порис раванд, ниёзе ба виза ва парвоз надоранд. Дар ин кишвар 25 сол пештар Пориси маҳаллӣ бунёд шуд. Фурӯшгоҳи хурд дар 150-километрии пойтахти ин кишвар дар шоҳроҳи Бишкек-Ӯш ҷойгир аст.

"Порисиҳо"-и Қирғизистон дар сардтарин минтақаи ин кишвар - дар водии Суусамир зиндагӣ мекунанд.

Чаро ин маконро Порис ном мебаранд? Муштариҳои доимӣ - ронандагони мошинҳои боркаш ин номро ниҳодаанд.

"Сар аз соли 1993 одамон дар ин ҷо зиндагиро сар карданд. Он замон ҳамагӣ як-ду қаҳвахона вуҷуд дошт. Соли 1995 одамони зиёдтаре бо юртаҳову чодарҳояшон омаданд. Онҳоро бо чароғакҳо оро доданд ва дар шаб чароғакҳо рушан мешуданд. Ронандагон маҳз ба хотири чароғакҳо ин маконро Порис ном ниҳоданд, зеро дар шаб хеле зебо мешуд", - нақл мекунад сокини маҳаллӣ Сайраш Бейшебоева.

Гулшат - сокини дигари маҳаллӣ муштариҳои доимии худро дорад.

"Аз ҳамон оғоз моро ҳамчун Порис мешинохтанд. Бисёриҳо шунидаанд, ки дар Қирғизистон чунин деҳае ҳаст. Ҳатто дар барномаи "Кӣ миллионер шудан мехоҳад?" ҳамин гуна савол буд, ки "Порис дар ҳудуди Осиёи Марказӣ дар куҷо ҷойгир аст?". Ман худам ин барномаро дида будам", - гуфт вай.

Дар харита ин макон нишон дода нашудааст. Заминҳои ду тарафи роҳ ба ду ноҳияи мухталиф тааллуқ дорад. Сокинон аз мақомот даъват карданд, ки онҳоро тақсим накунанд. Онҳо мехоҳанд расман деҳаи Порис номгузорӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG