Ссылки доступа

Дар Ишқобод шаби Соли нав як марди русро куштанд


Дар маҳаллаи "Парахат-7"-и шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон 31 декабр, тахминан соатҳои 9-и шаб як марди 30-солаи рус кушта шудааст. Пулис дар робита ба ин куштор фарзияи ғоратгариро баррасӣ дорад.

Ҷасади мардро сокинони маҳаллӣ субҳи 1 январ дар истгоҳ пайдо карда, сипас пулисро даъват кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, симои зоҳирии мард ба сокини маҳаллӣ монанд буд.

Кормандони пулис пас аз ҳозир шудан ба маҳалли ҳодиса, гуфтанд, мард аз зарбаи сахт ба пушти сараш ба ҳалокат расидааст. Ҳамён ва телефони ҳамроҳи ӯ дуздида шудааст ва бинобар ин, фарзияи пешакии пулис ғоратгарӣ гуфта мешавад. Вале ҳамлагарон ду қуттии туҳфаи солинавии ин мардро, ки зоҳиран барои кӯдакон харида шудааст, нагирифтаанд.

Сокинони Ишқобод мегӯянд, вақтҳои ахир вазъи ҷинояткорӣ дар пойтахти Туркманистон бад шудааст. Чанде пеш дар маҳаллаи "Парахат-7" як зани ҷавон низ ба сокини пиронсоли маҳаллӣ ҳамла карда, мехост, амволи ӯро ғорат кунад.

XS
SM
MD
LG