Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон масеҳиёнро бо мавлуди Исои Масеҳ табрик кард


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон масеҳиёни кишварашро бо мавлуди Исои Масеҳ табрик кард.

Дар матни табрикномаи президент омадааст, ки "ин рӯз моро ба ёди сифатҳои неки инсонӣ - имон, накуӣ ва инсондӯстӣ мерасонад". "Ин арзишҳои абадӣ моро ба сарчашмаҳои ғановати маънавӣ мебаранд, ки барои ҳамаи динҳои анъанавӣ аҳамият доранд. Асрҳои тӯлонӣ онҳо барои тақвияти ҳусни ҳамсоядорӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат кардаанд", - омадааст дар табрикномаи президент.

"Бо такя ба мероси маънавии мардумони Қирғизистон, мо бояд тамоми талошамонро барои ҳифз ва густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар равона кунем. Калисои православӣ дар Қирғизистон дар баробари дину мазҳабҳои дигар дар ҳифзи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, рушди накукорӣ, тарбияи ҷавонон, тақвияти хонавода, ҳамкориҳои байни қавмҳо ва дину мазҳабҳо фаъолона саҳм мегузорад", - илова шудааст дар табрикоти Ҷеенбеков.

Имрӯз, 7 январ, масеҳиҳои Қирғизистон рӯзи мавлуди Исои Масеҳро таҷлил мекунанд. Субҳи имрӯз дар ҳамаи калисоҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон маросими ибодат ва рушан кардани шамъҳо барпо шуд. Дар Қирғизистон тақрибан 500 ҳазор пайрави масеҳият зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG