Ссылки доступа

Ба хориҷиҳое, ки дар Ӯзбекистон амвол мехаранд, ҳаққи истиқомат дода мешавад


Шаҳрвандони 109 кишвари дунё ба маҳзи харидани амвол дар Ӯзбекистон ҳаққи истиқомат дар ин кишварро дарёфт мекунанд. Чунин фармоне аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имзо шудааст.

"Ба шаҳрвандони 109 кишвари хориҷӣ, ки дар Ӯзбекистон амвол харидорӣ мекунанд, ҳаққи истиқомат дода шавад", - омадааст дар матни фармони президент.

Дар фармон зикр шудааст, ҳаққи истиқомат дар Тошканд ва вилояти Тошканд танҳо дар сурате дода мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ивази бештар аз 400 ҳазор доллар амвол харидорӣ кунад. Дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон, Фарғона ва Хоразм арзиши амвол бояд на камтар аз 200 ҳазор доллар ва дар вилояти Қарақалпоқистону боқии вилоятҳои дигар на камтар аз 100 ҳазор доллар бошад.

Моҳи июли соли 2017 ҳукумати Ӯзбекистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Тошканд ҳаққи истиқомат доштанд, иҷозаи харидани амволро дода буд.

XS
SM
MD
LG