Ссылки доступа

Дар мактабҳои Туркманистон расмҳои президентро нав карданд


Дар муассисаҳои таълимии Туркманистон расмҳои президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро боз иваз карданд. Ин кор рӯзҳои истироҳат анҷом шудааст.

"Дар мактабҳои Дашоғуз рӯзи якшанбе расмҳои президентро иваз карданд. Мӯйҳои президент дар расмҳои нав хокистарӣ аст. Омӯзгорон маҷбур шуданд, 5-манатӣ ҷамъ кунанд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, расмҳои президент дар тамоми идораҳои давлатии Туркманистон низ иваз карда мешавад.

Расмҳои нави президенти Туркманистон бо мӯйҳои хокистарӣ озодона фурӯхта мешаванд ва вобаста ба ҳаҷмашон аз 3 манат (0,8 доллар) то 5 манат (1,3 доллар) арзиш доранд. Расмҳои "куҳна"-и Бердимуҳаммадов, ки дар он мӯйи сиёҳ дорад, бо нархи арзонтар - 4 манат фурӯхта мешаванд.

Президенти Туркманистон тобистони соли гузашта ногаҳон имиҷи худро тағйир дода, бо мӯйҳои хокистарӣ дар мазҳари ом ҳозир шуд. То ин дам ӯро дар тамоми аксу наворҳои расонаҳои давлатии Туркманистон бо мӯйҳои сиёҳ нишон медоданд.

Тағйири расмҳои президенти Туркманистон дар идораҳои давлатӣ хусусияти доимӣ дошта, аз ҳисоби кормандони "буҷавӣ" анҷом мешавад. Расмҳои Бердимуҳаммадов дар тамоми идораҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ овезон аст.

XS
SM
MD
LG