Ссылки доступа

Духтари фирории саудӣ дар ҳамроҳӣ бо намояндагони СММ фурудгоҳи Бангкокро тарк кард


Шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад ал-Қунуни 18-сола, ки як шабонарӯз худро дар меҳмонсаройи фурудгоҳи шаҳри Бангкок бандӣ карда буд, то ба Кувайт ихроҷ нашавад, фурудгоҳро дар ҳамроҳӣ бо намояндагони Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон тарк кард.

Раҳаф гуфт, дигар намехоҳад бо хонаводаи худ зиндагӣ кунад ва аз Австралия дархости паноҳандагӣ карданист. Ба гуфтаи Раҳаф, ӯро хонаводаи худаш таҳдид ба қатл кардааст. Аз ҷумла, барои кутоҳ кардани мӯйҳояш вайро маҳкум кардаанд.

Духтар дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашташ ба хона "ӯро марг мунтазир аст".

"Онҳо манро таҳдиди куштан карданд, то таҳсили худро идома надиҳам. Ба ман иҷозати ронандагӣ ва сафарро намедиҳанд. Ба ман зулм мекунанд. Ман зиндагӣ ва кор карданро дӯст медорам, вале хонаводаам намегузоранд", - афзуд ӯ.

Шиносномаи Раҳафро ба маҳзи фуруд омаданаш дар Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ мусодира кардаанд. Дипломати саудӣ гӯиё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ки ӯ ба Австралия сафар кунад, бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Намояндагии сафорати Арабистони Саудӣ дар Бангкок Абдул ал-Шуайбӣ гуфт, мақомоти шоҳигарӣ дар қазияи марбут ба Раҳаф нақше надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ал-Қунун барои он дар Тайланд монд, ки билети баргашт надошт. Ин тасмимро мақомоти Тайланд гирифтанд, чун сафорати Арабистони Саудӣ ҳаққи боздошти одамонро дар фурудгоҳ надорад.

Намояндагони гумруки Тайланд дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, барои он ба ин духтар иҷозати вуруд ба кишварро надоданд, ки ӯ ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ надошт ва онҳо маҷбур шуданд, ба сафорати Арабистони Саудӣ дар ин бора хабар диҳанд.

"Ӯ аз хонаводаи худ дар Арабистони Саудӣ фирор карда, ба Тайланд омадааст. Вале барои ворид шудан ба кишвар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ надошт", - гуфт раиси Хадамоти муҳоҷирати Тайланд Сурачате Хакпарн.

Дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди баъзе аз сабукиҳо занон ҳанӯз ҳам бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯянд.

XS
SM
MD
LG