Убайдуллоева гуфт, аз сӯи ду мард - Ихтиёр ва Бахтиёр латту кӯб шудааст, ки онҳо бародарони корфармояш - кишоварзи маҳаллӣ Зиёдулло Уроқов ҳастанд.
Ин зан гуфт охири моҳи октябри соли 2018 латту кӯб шудааст. Ҷараёни латлукӯбро бародарони кишоварз сабт ва дар интернет нашр карданд. Дар навор дида мешавад, ки марде Фирӯзаро ба замин меғалтонад ва ӯро зер мекунад.
Фирӯза мегӯяд, он ду мард ӯро ӯрён ва талоши таҷовуз кардаанд. Аммо ин ҳолат дар навор сабт нашудааст.
Маркази матбуотии додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки бар асоси моддаи "Шиканҷа" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.