Ба иттилои Хабаргузории расмии Туркманистон, тибқи фармони Бердимуҳаммадов, Қурбонмуҳаммад Аннаев раиси ноҳияи Баҳордени вилояти Ахал таъйин шуд. Раиси пешини ин ноҳия Аннагелдӣ Язмуродов вазири кишоварзӣ ва оби Туркманистон таъйин шуда буд.
Раиси ноҳияи Губодаги вилояти Дашоғуз Торегилиҷ Назаров барои "роҳ додан ба баъзе аз камбудиҳо" аз мақом барканор шуда, ба ҷои ӯ Нурҷонов Холҷон раиси Губодак таъйин гаштааст.
Ботир Гилиҷов, муовини раиси ноҳияи Ҳалаҷи вилояти Лебап раиси ноҳияи Давлатлии ин вилоят таъйин шудааст. Раиси пешини Давлатлӣ Сулаймон Абдушукуров барои "роҳ додан ба баъзе аз камбудиҳо" аз мақом барканор шудааст.
Бердимуҳаммадов Суҳбат Аллақулиевро аз мақоми шаҳрдории Туркманобод барканор ва раиси ноҳияи Койтендаги вилояти Лебап таъйн кардааст. Раиси пешини Койтендаг Ашур Қурбондурдиев барои "роҳ додан ба камбудиҳо" мақоми худро аз даст додааст.
Оғомурод Оғомуродов раиси ноҳияи Мурғоби вилояти Марии Туркманистон таъйин шуд. Раҳбари пешини ноҳия Бобоҷон Алланазаров низ "барои роҳ додан ба камбудиҳо" аз мақом барканор гаштааст.
Президенти Туркманистон аз раҳбарони вазорату ноҳияҳо сар карда, то сармуҳаррирони расонаҳои расмиро худ барканор ва таъйин мекунад. Соли 2018 даҳҳо мансабдори баландпояи туркман, аз муовинони президент то вазирону раисони ноҳия барои "роҳ додан ба камбудиҳо" мақомҳои худро аз даст дода буданд.