Ссылки доступа

Марде, ки сӯи порлумони Қирғизистон тфу кард, ба идораи милиса ҳозир шуд (видео)


Хабарнигорони телевизиони NewTV навори ба идораи пулис ҳозир шудани мардеро нишон доданд, ки сӯи порлумони Қирғизистон тфу карда буд.

Ба иттилои телевизиони мазкур, ин мард сокини яке аз деҳаҳои вилояти Иссиқкӯл аст. Вай ба идораи пулис ҳозир шуда, баёнот навиштааст.

Дар навор дида мешавад, ки он мард дар ҳалқаи даҳҳо ҷавон ба идораи пулис ҳозир мешавад. Вақти аз дари идораи пулис берун омадани мард ҷавонон қарсак мезананд. Дар суҳбат бо телевизион вай гуфт, омодааст, дар доираи қонун посух гӯяд. "Аммо ба ман гуфтанд, ки ин масъала дар Бишкек ҳал мешавад", - гуфт мард.

1 январи соли 2019 дар Қирғизистон ҷаримаҳои нав, аз ҷумла барои тфу кардан ё оби даҳон парттоафтан, ба иҷро даромаданд. Ин навъи қонуншиканӣ то 5,5 ҳазор сом (муодили тақрибан 600 сомонӣ) ҷарима дорад.

XS
SM
MD
LG