Ссылки доступа

Дар Анқара баррасии парвандаи гумонбарони куштори сафири Русия шуруъ шуд


Дар шаҳри Анқара баррасии парвандаи гумонбароне шуруъ шуд, ки ба иттилои тафтишот, дар куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов даст доранд. Карлов моҳи декабри соли 2016 кушта шуда буд.

Тафтишот муайян кард, 28 гумонбари ин куштор бо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад, робита доранд.

Карлов 19 декабри соли 2016 дар Анқара дар як намоишгоҳи аксҳо дар Маркази санъати муосир кушта шуд. Мавлуд Мерт Олтинтоши 22-сола чанд маротиба сӯи сафир оташ кушод ва ҳамзамон фарёди "Аллоҳу акбар! Ҳалабро фаромӯш накун!" сар дод.

Баъди чанд дақиқаи қатли сафир Олтинтош дар тирпарронӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG