Ссылки доступа

Котибони шӯроҳои амнияти Қазоқистону Арманистон вазъ дар Қарағандаро баррасӣ карданд


 Армен Григорян
Армен Григорян

Котибони шӯроҳои амнияти миллии Қазоқистон ва Арманистон -- Габит Бижанов ва Армен Григорян суҳбати телефоние анҷом дода, роҷеъ ба ҳодисаи Қарағанда табодули афкор карданд.

Григорян ба наздикону пайдони ҷавоне, ки дар натиҷаи задухӯрди гуруҳӣ дар Қарағанда ҷон бохт, ҳамдардӣ баён кардааст.

Котибони шӯроҳои амнияти миллии ду кишвар ба ҳодиса часпондани хусусияти миллиро ғайриқобили қабул дониста, ба санҷиши шаффофу ҳамаҷонибаи куштор таъкид кардаанд.

Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои Қарағанда миёни ду гуруҳи меҳмонон, миёнашон арманиҳо низ буданд, задухӯрд сурат гирифта, бино ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа чаҳор кас бо корд захмӣ шуданд, ки дертар якеашон - ҷавони 23-сола ба ҳалокат расид.

Додситонии Қарағанда мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Авбошӣ" ва "Куштор" парванда боз шуда, 9 иштирокчии ин занозаниро муайян ва 8 танашонро дастгир карданд. Гумонбари 9-ум таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст.

XS
SM
MD
LG