Ба иттилои манбаъ, дар парванда соҳибкори маъруфи рус иштирок дошт. Вале ному насаби ӯ ифшо намешавад. Худи Веселнитская вакили дифои намояндагони Prevezon Holding буд.
Парванда ба вохӯрӣ бо намояндагони президенти кунунии ИМА Доналд Трамп дар шаҳри Ню-Йорк рабте надорад. Вале муфаттишон мегӯянд, дар бораи робитаҳои наздики Веселнитская бо Кремл далелҳое доранд.
Дар иттилоия аз мақомоти рус дар санҷиши парванда дархости кумак шудааст. Вале Москва дар посух натиҷаи дурӯғи санҷиши худро фиристодааст, ки ҷавобгарони русро бегуноҳ мешуморад. Русия гуфтааст, дар шустушӯи пулҳо муассиси бунёди Hermitage Capital Уилям Браудер гунаҳкор аст.
Дар айбнома омадааст, ки Веселнитская дар таҳияи посух ба ҷониби Амрико бо "додситонҳои баландпояи рус" ҳамкорӣ кардааст.
Соли 2017 Prevezon Holdings, ширкати сабтиномшуда дар Қибрис бо ИМА дар робита ба парвандаи қонунисозии пулҳое созишнома имзо кард, ки дар натиҷаи қаллобиҳои андоз дар Русия ба даст омадаанд. Соҳиби ширкат он замон Денис Катсив, писари муовини президенти Корхонаи роҳи оҳани Русия Петр Катсив буд. Ширкат розӣ шуд, ба ИМА ҳудуди шаш миллион доллар ҷарима супорад. Ҷониби Амрико дар посух эътироф кард, ки Prevezon Holdings бо пулшӯӣ машғул набуд.
Веселнитская 9 июни соли 2016 бо Трампи хурдӣ дар Ню-Йорк дар давраи маъракаҳои интихоботӣ низ мулоқот карда буд. Дар вохурӣ домоди Трамп Ҷаред Кушнер ва мушовири Трамп Пол Манафорт иштирок доштанд. Ба иттилои расонаҳо, Веселнитская дар мулоқот ба намояндагони Трамп зидди номзади Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон маълумот пешниҳод кардааст. Вале Кушнер гуфт, мулоқот "сарфи беҳудаи вақт" буд ва бинобар ин, онро тарк кард.