Ссылки доступа

Дар Қарабургони Қирғизистон фурӯши машрубот дубора манъ шуд (видео)


Дар Қирғизистон сокинони деҳаи Қарабургони ноҳияи Оқтала мехоҳанд, фурӯши нӯшокиҳои спиртиро дубора манъ кунанд. Ин ташаббуси ҷавонони маҳаллӣ буда, дар пайи фишори онҳо соҳибони фурӯшгоҳҳо маҷбур шуданд, нӯшокиҳои спиртиро ба дастраскунандагон баргардонанд.

Сар аз 1 январи соли равон фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар деҳаи мазкур манъ шудааст. Ба гуфтаи ҷавонон, манъи фурӯши машрубот истифодаи онро дар деҳа коҳиш хоҳад дод.

Чолпонбек Кубатбек уулу.
Чолпонбек Кубатбек уулу.

​"Нӯшокии спиртӣ бад аст. Ҷавононро вайрон мекунад. Ҳоло дар деҳа духтарону заноне ҳастанд, ки машрубот истеъмол мекунанд ва мешавад, пеши роҳи онҳоро гирифт. Деҳа оромтар мешаваду бархеҳоро метавон аз роҳи бад баргардонд. Сокинони маҳаллӣ аз ин ташаббус ҷонибдорӣ карда, тақрибан касе зид нест", - мегӯяд яке аз ҷавонони Қарабургон Чолпонбек Қубатбек уулу.​

Чолпонбек гуфт, як моҳ пеш онҳо соҳибони мағозаҳоро огаҳ карданд, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ манъ мешавад. Аз ин иқдоми ҷавонон раиси маҳалла ва вакилони маҷлиси халқии маҳаллӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

Соҳибони фурӯшгоҳҳо дар пайи фишори ҷавонон маҷбур шуданд, нӯшокиҳои спиртиро ба маблағи 150 ҳазор сом бо нархи пасттар ба дастраскунандагон баргардонанд, ки ҳудуди 60 ҳазор сом зарар диданд. Ҳоло ҷавонони ташаббускор тасмим гирифтанд, ин хисоротро ҷуброн кунанд.

Аммо бархе аз сокинони Қарабургон зидди манъи нӯшокиҳои спиртиянд. Алтинка Калназарова, сокини деҳа мегӯяд, ин ташаббуси ҷавонон ҳуқуқи инсонро нақз мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна иқдомҳо пештар низ буданд, вале натиҷае надоданд.

Калназарова мегӯяд, раис ва имоми маҳала низ ин ташаббусро таблиғу ташвиқ доранд. "Раиси маҳалла гуфт, хоҳар ташаббусро дастгирӣ кунед, ҳоло мо бо онҳое, ки зидданд гуфтугӯ дорем. Мо гуфтем, ки агар касе аз ин хонаводаҳо бимирад, қабрашро намеканему ҷанозаашро намехонем. Инҳо суханони раиси маҳалла буданд. Ман ин интизорро аз ӯ надоштам", - афзуд Калназарова.

Раиси маҳалла Нурбек Соодонбеков гуфт, ташаббус ихтиёрӣ иҷро шуда, касеро маҷбур намекунанд.

Ёдрас мешавем, се соли пеш дар деҳаи Қарабургон чунин ташаббус пеш гирифта шуд, вале баъд аз як моҳ фурӯши машруботро дубора ба роҳ монданд.

Дар Қарабургон ҳудуди се ҳазор одам зиндагӣ мекунад.

Пештар низ дар баъзе аз деҳаҳои вилояти Норин фурӯши машруботро манъ карда буданд ва ҳатто дар деҳае шишаҳои нӯшокиҳои спиртиро ба воситаи булдозер нобуд сохтанд.

XS
SM
MD
LG