Ссылки доступа

Дар зери заррабин. Донишҷӯёни мадрасаҳои исломӣ ба мақомот ҳисобот медиҳанд


Ҷавононе, ки аз таҳсил дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон баргашта буданд, муваззаф шуданд, ки ҳадди ақал дар шаш моҳ як дафъа ба идораи милисаи маҳалли зисташон ҳозир шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2010 ба ин тараф беш аз се ҳазор ҷавони тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба ватан оварда шудаанд.

Дилшод, сокини шаҳри Ҳисор, соли 2010 пас аз даъвати мақомот билофосила аз Миср ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ соли 2009 барои омӯхтани забони арабӣ ба яке аз мадрасаҳои Қоҳира шомил шуда буд.

Ин сокини 32-солаи шаҳри Ҳисор рӯзи 8-уми январ гуфт, мақомот бештар дар бораи вазъияти ҳозираи кору зиндагӣ, дар куҷо будани хешу табор ва бо кӣ робита доштанашон суол мекунанд. "Онҳо ё занг мезананд ё огоҳинома мефиристанд, ки ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳозир шавем. Ин кор дар фосилаи панҷ-шаш моҳ як бор сурат мегирад. Мақомот мехоҳанд, бо худ як дона сурат ва ҳамчунин аз идораи ҷамоат маълумотнома барем", - нақл кард ӯ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, маъмурони милиса аз онҳо дар бораи мавзӯи таҳсилашон дар мадрасаҳои исломӣ низ мепурсанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, "дар бораи чӣ хонданамон дар хориҷа борҳо гуфтаем. Вале ҳар боре, ки даъват мешавем, боз аз нав мепурсанд."

Дилшод гуфт, кормандони милиса ҳангоми суҳбат бо онҳо дағалӣ намекунанд ва танҳо мақсадашон ин аст, ки бифаҳманд онҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ кор мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар Миср ҳамагӣ нӯҳ моҳ забони арабӣ омӯхта, нияти дохил шудан ба Донишгоҳи "Ал-Азҳар"-ро дошт, аммо пас аз даъвати мақомот ҷиҳати бозгашт ба Ватан, билофосила ба Тоҷикистон баргашт.

"Баъди бозгашт мақомот бо ман сӯҳбат доштанд, рақами телефонамро ба онҳо додам. Як соли дигар ба Маскав рафта кор кардам. Панҷ сол боз дар Тоҷикистон аз ҳисоби дуредгарӣ зиндагии худу оилаамро пеш мебарам", - афзуд Дилшод.

Ҳадди ақал се ҳамсӯҳбати мо аз шумори ҷавононе, ки дар Арабистони Саудӣ, Покистон ва Миср таҳсил карда, пас аз даъвати мақомот ба Тоҷикистон баргаштанд, даъват шудан ба идораи милисаи маҳалли зисташонро тасдиқ карданд. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳадафи мақомотро дарк мекунанд ва ҳозиранд, ки "рафтори каҷ" надоштани худро дар назди мақомот мунтазам исбот кунанд.

Бархе аз мақомдорони тоҷик аз оғози имсол нисбат ба ифротгароӣ осебпазир будани ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсили ғайриқонунии динӣ гирифтаанд, таъкид мекунанд.

Абдураҳим Холиқзода, раиси собиқи Кумитаи дин ва айни замон раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии порлумон, дар маърӯзаи охири хеш ба мақомоти қудратии кишвар тавсия дод, ҷавононеро, ки дар донишгоҳҳои исломии давлатҳои дигар бе иҷозат таҳсил намудаанд, "зери назорати фаврӣ қарор бидиҳанд".

Мақомоти Тоҷикистон соли 2010 пас аз як ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз хавфи зери нуфузи террористон қарор гирифтани ҷавонони тоҷик дар мактабҳои динии хориҷӣ, аз волидон даъват кард, ки билофосила онҳоро ба ватан бозгардонанд. Пас аз даъвати раиси ҷумҳур мақомот беш аз се ҳазор ҷавони тоҷикро, ки асосан дар мадрасаҳои динии Яман, Сурия, Миср, Покистон, Афғонистон ва Ироқу Эрон таҳсил доштанд, бозгардониданд.

Дар дохили кишвар ҳам таҳсили динии ҷавонон зери назорати шадиди мақомот гирифта шуд ва тақрибан 20 мадрасаи динии сабти ном шуда баста ва танҳо як Донишкадаи исломӣ боқӣ монд.

XS
SM
MD
LG