Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар роҳ чанд занеро диданд, ки назди бинои ҳукумат эътироз мекарданд. Жоямерген гуфт, пулис онҳоро дар ҳоле боздошт кард, ки мехостанд, эътирози занонро сабт кунанд. Ба гуфтаи Жоямерген, пулис эътирозгаронро низ боздошт кардааст.
Дар идораи пулис ба хабарнигору наворбардор гуфтанд, ки "иштибоҳан" боздошт шудаанд, аммо аз онҳо талаб шудааст, ки наворҳои бардоштаашонро пок кунанд.
Дар Қазоқистон пулис борҳо хабарнигорони Радиои Озодиро боздошт кардааст, ки эътирозҳо ва гирдиҳамоиҳои гуногунро инъикос мекарданд.