- Ахбори Озодӣ аз 8-уми январи соли 2019. Афсари тоҷик аз тири ҳамхидматаш кушта шуд Баҳси риш ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ Оғози мурофиаи додситони пешини Узбекистон Камбуди тангаҳои дираму сомонӣ Гӯшти кабк ба “ мурғи анқо ”табдил ёфт. (видео)
- Зиндагии як хонаводаи тоҷик дар гӯристони насрониён. Барои як зани солхӯрдаи тоҷик ва 10 узви оилаи ӯ, қабристони насрониён дар шаҳри Хуҷанд, макони зисти доимӣ шудааст. Дар тӯли 10 сол Ойдиной Қаршибоеваи 62-сола ва фарзандонаш ба зиндагӣ дар кулбаи канори гӯрҳо одат кардаанд. (видео)
- “Шиносномаи хориҷӣ танҳо баъди ба тартиб даровардани риш”. Дар тӯли чанд соли ахир бару дарозии риш борҳо бо ҷадвал чен шуд, домуллоҳо ришҳоро бо мушт қабза карданд ва гуфтанд, ки тӯлаш аз се сантиметр бештар набошад. Бо ин зоҳиран масъала бояд ҳал мешуд. Аммо ба назар мерасад, ин баҳс солҳои баъдӣ низ мардумро саргарм хоҳад кард (видео)
- Хабарҳои радиои деҳа. Аз эълони говҳои гумшуда то роҳҳои киштукор. Деҳаи дурдасти Сусамур дар вилояти Чуй дар Қирғизистон радиои ғайриоддие дорад. То чанд вақт пеш хабарҳои рустои дигар ба ин деҳа аз даҳон мерасиданд. Бо таъсиси радиои Сусамур ФМ вазъ дигар шуд, ҳоло хабари деҳаи дигарро дар Сусамур аз радиои деҳа мешунаванд (видео)
- Кабоби "кабк" тухми кабкҳоро дар Хатлон қир мекунад? Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, назорати шикори кабк ва фаъолияти шикорчиҳоро шадидтар кардаанд (видео)
- Дар Тошканд муҳокимаи собиқ додситони кулли ин кишвар оғоз ёфт. (видео)
- Куштор дар Қарағанда: гумонбари асосӣ ба Русия фирор кард (видеои Настоящее время)
- Шарҳи ВКД Қазоқистон дар мавриди ҳодисаи Қарағанда (видео)
- Дар Магнитогорск боздошти гуруҳии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ идома дорад (видеои Настоящее время)
- "Биёед ва ҷаримаатонро бигиред": сокинони Бишкек ошкоро қонуншиканӣ мекунанд ва онро дар навор сабт менамоянд (Қирғизистон)
- Чин урдугоҳҳои бозтарбияро аз дохил нишон дод. Чин ба рӯзноманигорон урдугоҳҳои бозтарбияро нишон дод. Тарбиятгирандагон сурудхонӣ карданд, рақсиданд ва гуфтанд, ки бо хоҳиши худ онҷо омадаанд. Аммо онҳое, ки дар урдугоҳҳо буданд, чизҳои дигар нақл мекунанд (видео)
- Дар Туркия баррасии парвандаи куштори сафири Русия шуруъ шуд (видеои Настоящее время)
- Курдҳоро баъди хориҷ шудани нерӯҳои ИМА аз Сурия чи интизор аст (видео аз Директ)
- Филми «Озодлик»: Дар Шветсия ӯзбекҳоро ба терроризм айбдор мекунанд (видео)
- Русияро муҳосираи варзишӣ таҳдид мекунад (видео)
- Донишгоҳи маҷозӣ. Маълумоти олӣ чи гуна тағйир мекунад? (видео аз Директ)
- Кор барои як танга? Маоши ҳадди ақал дар Қазоқистон (Инфографика)
- Дар маҳдудаи пасошӯравӣ кӣ аз ҳама бештар истироҳат дорад (Инфографика)
- Таркишҳои гази табиӣ дар Русия дар 10 соли ахир (Инфографика)