Сӯхангӯи Вазорати умури дохили Қазоқистон Алмос Садубоев гуфт, шаҳрванди Арманистон Нарек Гурурян дар вилояти Омски Русия дастгир шуд.
Гурурян ду рӯз пеш бо нашри наворе дар Интернет гуфт, омода аст худро ба мақомоти Қазоқистон таслим кунад, чун касеро накуштааст. Ин шаҳрванди Арманистонро, ки дар ватан низ ҷустуҷӯ мешуд, бо мусоидати кормандони пулиси Русия дастгир кардаанд. Дар ҳоли ҳозир истирдоди ӯ ба Қазоқистон баррасӣ мешавад.
Занозании гуруҳӣ, ки бо иштироки Гурурян шаби Соли нав дар яке аз тарабхонаҳои маҳаллии Қарағанда сурат гирифт, дар Қазоқистон эътирозҳоеро ба бор овард.
Садҳо сокини Қарағанда 6 январ ба кӯчаҳо баромада, аз мақомот талаб карданд, ки кушторро шарҳ диҳанд. Он замон ҳокими вилояти Қарағанда Ерлан Кошанов ваъда дода буд, ки гумонбари асосиро дар давоми ду-се рӯзи оянда дастгир мекунанд.