"Онҳо бо роҳи фиреб ба ин кишвари ҷангзада бурда шуда, дар дасти террористҳо асир буданд", омадааст, дар изҳороти расмӣ. Ба гуфтаи мақомоти Остона, бо ин шаҳрвандон дар давоми як моҳ корҳои мутобиқсозӣ мегузаронанд ва ёрии зарурии тиббиро низ дарёфт хоҳанд кард.
Дар наворе, ки нашр шуд, нишон дода мешавад, чи гуна афроде дар либоси низомӣ занону кӯдаконро ба ҳавопаймо савор мекунанд. Дар охир фурудоии ҳавопаймо дар Қазоқистон нишон дода мешавад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти милии Қазоқистон, аз аввали нооромиҳои Ховари Миёна ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Ироқу Сурия рафтаанд. Бештари онҳо кӯдаконанд.
"Бино ба омори моҳи июли соли 2018, дар сафи гуруҳҳои даҳшатафкан дар Ироқу Сурия 120 мард, беш аз 250 зан ва 500 кӯдаки ноболиғи қазоқ ҳузур доранд", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Кумитаи ҳифзи кӯдакони Вазорати маориф ва илми Қазоқистон 19 декабр хабар дод, ки тайи 2 соли охир 91 кӯдак аз Сурия ба кишвар оварда шудааст.