Ссылки доступа

Ҳукумати Тоҷикистон ба табибони силшинос имтиёзҳои нав дод (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 9-уми январи соли 2019. Айбномаи бародарзодаи муфтии Тоҷикистон иваз шуд. Боздошти гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Магнитогорск. Китобҳои пастсифатро аз фурӯш мегиранд Зиндагии 11 узви як хонавода дар қабристон. (видео)

- Ҳукумат ба табибони силшинос имтиёзҳои нав дод. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии шадиди мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, табибоне, ки ба муолиҷаи беморони сил машғуланд, аз маоши баландтару исттироҳати бештар бархӯрдор хоҳанд буд. Соати корӣ барои кормандони бахши сил коҳиш ёфт. (видео)

- "Тоҷик Эйр" кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст (видео)

- Духтаре, ки дар таваллудхона аз баҳраш гузаштанд, модарашро меҷӯяд. Як духтари тоҷик, ки солҳои ҷанги дохилӣ модараш баъди таваллуд аз ӯ даст кашида дар шифохона гузошта рафтааст, аз мардум мехоҳад, дар пайдо кардани модар ба ӯ кумак кунанд (видео)

- Рэпсароён ба ҷои "батл" ҳоло "мушоира" мекунанд (видео)

- Зиндагии як хонавода тоҷик дар гӯристони насрониён (видео)

- “Шиносномаи хориҷӣ танҳо баъди ба тартиб даровардани риш”. Дар тӯли чанд соли ахир бару дарозии риш борҳо бо ҷадвал чен шуд, домуллоҳо ришҳоро бо мушт қабза карданд ва гуфтанд, ки тӯлаш аз се сантиметр бештар набошад. Бо ин зоҳиран масъала бояд ҳал мешуд. Аммо ба назар мерасад, ин баҳс солҳои баъдӣ низ мардумро саргарм хоҳад кард (видео)

- Осиё: боздошти гумонбарон ва ҳимояти омӯзгорон. Дар вилояти Омски Русия гумонбари асосӣ дар куштори Қарағандаи Қазоқистонро боздошт карданд. Дар Қазоқистон мехоҳанд, қонунеро қабул кунанд, ки омӯзгоронро аз зиёдаравии хонандагону волидонашон ҳимоят мекунад. Низомиён ва собиқадорони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ҳам маошу ҳам нафақа талаб доранд (видеои Настоящее время)

- Амрико: суханронии Трамп ва посухи демократҳо. Президенти ИМА аз эъломи ҳолати изтирорӣ худдорӣ ва демократҳоро ба дурӯягӣ айбдор кард: Трамп дар паёми худ бори дигар ба бунёди девор дар марз бо Мексика даъват кард (видеои Настоящее время)

- "Ё маош ё нафақа". Чи гуна пешниҳоди вакили порлумон қудратиҳои Қирғизистонро хашмгин кард. Хидматчиёни ҳарбии Қирғизистон талаб доранд, ки ба онҳо ҳам нафақа ва ҳам маош дода шавад. Пештар вакили порлумони Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев пешниҳод кард, ки ба низомиён ва кормандони ниҳодҳои қудративу судии кишвараш, ки ба синни нафақа расидаанд, танҳо маош ё нафақапулӣ пардохт шавад (видео аз Директ)

- Трамп дар муроҷиаташ ба мардум чи гуфт ва амрикоиҳо ба гуфтаҳои Трамп чи гуна вокуниш карданд (видео аз Директ)​

- Як навор дар 30 сония: аз президенти Туркманистон ёдовар шуданро дар нашри хабарҳо мешуморем (видео)

- Шикмаматов: Отамбоев интиқомҷӯии тасвирнашаванда дорад (видео)

- Аз Нуршашкан ба Нур-Алатау. Дар Алмато топонимҳои "Нур" афзоиш меёбанд (видео)

- Кишвари иттифоқии Русияву Белорусро кӣ бояд роҳбарӣ кунад, Путин ё Лукашенко? (видео)

- Шаҳрдори Остона маоши ҳадди миёнаро дар пойтахти Қазоқистон эълом кард (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG