Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон Отамбоев аз баҳри сафари Ҳиндустон гузашт


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сафари худро ба Ҳиндустон бекор кард, ки қарор буд имрӯз, 11 январ сурат бигирад.

Дар ин бора намояндаи расмии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Кундуз Жолдубоева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дода, хостааст, "дар он сиёсатро наҷӯянд".

Ёдрас мешавем, пештар хабар доданд, ки Отамбоев тасмим дорад, 11 январ ҳамроҳи хонаводаи худ барои истироҳат ба Ҳиндустон биравад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки Отамбоев мехоҳад, Қирғизистонро тарк кунад, вале эҳтимол аст, мақомот ба ӯ иҷозат намедиҳанд. Жолдубаева гуфтааст, ки барои манъи сафари Отамбоев асосе вуҷуд надорад.

Пеш аз нашри хабари лағви сафари Отамбоев ба хориҷ, маълум гашт, ки намояндаи ситоди интихоботии президент Сооронбой Ҷеенбеков дар умури молӣ Нодира Сатигул қизӣ дар ҳоли ҳозир дар Ҳиндустон истироҳат мекунад ва гӯиё ба ӯ Отамбоев пешниҳод кардааст, ки барои як муддат ба хориҷ биравад.

XS
SM
MD
LG