Ссылки доступа

Низомиҳои Туркманистон дар таъмини кишвар бо ғизо саҳм мегузоранд


Президент Туркменистана назвал "Удачей" подаренного военными жеребенка
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:25 0:00

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 9 январ аз фаъолияти низомиҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти чорвопарварӣ, парандапарварӣ, сагпарварӣ, боғдорӣ шинос шуда, аз фаъолияти онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

"Дар маҷмааи чорвопарварии ВКД наздики 360 сар гов парвариш мешавад", - хабар доданд расонаҳои давлатӣ.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки дар хоҷагиҳои зери назорати хадамоти гумруки он кишвар наздики 50 ҳазор мурғ парвариш мешавад, ки ин хоҷагиҳои соли гузашта 11 млн тухм тавлид кардаанд.

Мақомоти интизомии Туркманистон инчунин чанд гармхона доранд, ки дар онҳо сабзавот парварида мешавад. Ба иловаи ҳамаи ин, сарбозон дар асоси дастурҳо ё ретсепҳои китоби Бердимуҳаммадов "Рустаниҳои табобатӣ", гиёҳҳои табобатиро ҷамъоварӣ ва дору омода мекунанд.

Расонаҳои давлатии Туркманистон хабар доданд, маҳсулоте, ки аз сӯи мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ парвариш ва омода мешавад, имкон медиҳад, ки сарбозон бо ғизо таъмин шаванд.

XS
SM
MD
LG