Ссылки доступа

Киясов куштори варзишкори қазоқ Денис Тенро эътироф кард


Нуралӣ Киясов, яке аз гумонбарон дар куштори варзишкори маъруфи қазоқ Денис Тен имрӯз, 14 январ дар додгоҳ баёнот дод. "Пурра гуноҳро ба гардан мегирам, вале мо ин кушторро пешакӣ тарҳрезӣ накардаем", – гуфт Киясов.

Киясови 24-сола дар "авбошӣ ва куштори гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз силоҳ" айбдор мешавад. Дар баробари Киясов дар курсии айбдорӣ Ормон Қудойбердиеви 24-сола ва Жанар Толибоеваи 23-сола менишинанд. Толибоеваро ба он айбдор мекунанд, ки дар бораи куштор ба мақомот хабар надодааст.

Баррасии парванда 3 январ дар Додгоҳи шаҳри Алмато оғоз шуда буд.

Варзишкор маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли 2018 дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.

XS
SM
MD
LG