Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон шумори хонаводаҳои қарздор меафзояд


Дар як соли ахир теъдоди қарздорон дар Тоҷикистон 400 ҳазор нафар афзудааст ва ҳоло дар кишвар аз ҳар 10 сокин ду нафари онҳо аз бонк ё муассисаи молие қарздоранд.

Бо вуҷуди баланд будани фоизи қарзҳо дар Тоҷикистон ва ҳазар кардани мардум аз қарзу қарздорӣ, боз ҳам бисёриҳо ночор барои амалӣ кардани нақша ё рафъи камбуде дар зиндагӣ ба бонкҳо муроҷиат мекунанд.

Гуланор Афғонова, ки пули моҳонаи қарзашро дар бонки Эсхата пардохт мекард, гуфт, акнун ин моҳ хотираш андаке ҷамъ шуд. Ӯ якуним сол пеш барои ҷашни арӯсии кардани фарзандаш 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифт.

Мегӯяд, наметавонист, ҷашнеро, ки ӯ ва фарзандаш орзу мекард бидуни қарз баргузор кунад. “Барои издивоҷи фарзанди якумам ҳам қарз гирифтам, баъдан бо қарз хонаро таъмири хуб кардем. Шароит ҳамин аст, маош зиёд нест, ки тамоми хостаҳоро амалӣ кунем, аз дасти кас қарз бигирӣ метавонад, як рӯз бидуни огоҳӣ қарзашро пурсад. Аз ҳама интихоби хуб бонк аст, ки ҳар моҳ як маблағи муайян месупорӣ ва то моҳи дигар боз як фикр мекунӣ”- мегӯяд Афғонова.

Як таҳлили “Бюрои қарзӣ ва иттилоотии Тоҷикистон” муайян кардааст, ки аксари қарзҳои бидеҳкороне мисли Гуланор, иҷтимоӣ ва маишӣ ҳастанд. Манучеҳр Абдусамадзода, роҳбари “Бюрои қарзиву иттилоотии Тоҷикистон” 10 январ гуфт, аксари қарзгирандаҳо аз 25 то 40 сол доранд.

​Як таҳқиқи бонки олмонии Raiffeisen Вank International дар соли 2017 нишон додааст, ки тақрибан нисфи муштариёни бонкҳои Тоҷикистон қарзҳояшонро саривақт барнагардондаанд.

XS
SM
MD
LG