Ин кумита мегӯяд, боздоштшудаҳо "зодагони Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки ба таҳияи теракт дар Қазоқистон гумонбар мешаванд".
Аз манзили боздоштшудаҳо василаҳои омода кардани дастгоҳҳои тарканда, инчунин аслиҳа ва муҳимоти дигари ҷангӣ мусодира шудааст.
"Ба иттилои тафтишот, боздоштшудаҳо бо дастури ҷангҷӯёне, ки аз "Давлати исломӣ" баргаштаанд, ба теракт омода мешуданд. Онҳо ният доштанд, дар шаҳри Алмато дар минтақаҳои ҷамъшавии одамон ҳамла анҷом диҳанд", - хабар медиҳад кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.