"Дар дохили масҷид тобут дароварда, ҷаноза хондаанд. Мо метарсем, дар ин гуна бино зиндагӣ кунем. Ба ҷуз ин, дар наздикии масҷид мазор аст", - гуфт яке аз занҳое, ки маҷбур аст, ба масҷид кӯчад.
Аммо мақомот мегӯянд, бинои мазкур ҳамчун масҷид ба қайд гирифта нашудааст.
"Ин бино дар тавозуни маъмурияти ноҳия аст. Мо онро таъмир кардем ва ба хонаводаҳои камбизоат пешниҳод намудем. Биное, ки сокинон ҳоло зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати садамавӣ аст", - гуфт як мақомдори ноҳия.