Ссылки доступа

Ҳавопаймои суқутшуда аз Қирғизистон ба артиши Эрон гӯшт мебурд (видео)


В Иране разбился грузовой самолет, летевший из Кыргызстана, что в нем везли?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Дар Эрон субҳи 14 январ ҳавопаймои боркаши Boeing-707 суқут кард, ки аз Бишкек парвоз карда буд. Ба гуфтаи сухангӯи фурудгоҳи "Манас" Алия Қурбонова, ҳавопаймо барои артиши Эрон гӯшт интиқол медод ва ба ширкати эронӣ тааллуқ дорад.

Ҳавопаймо шаби 13 январ баъди як соати таъхир аз Тайланд ба Бишкек ва соати 7-и субҳ бо 11 узви экипажи худ ба фурудгоҳи "Паём"-и Теҳрон парвоз кард.

Он соати 11 дар наздикии Теҳрон суқут кард. Ба иттилои Reuters, дар минтақае, ки ҳодиса рух дод, ҳаво номусоид буд. Капитани Boeing кӯшиш кардааст, ба ҷои фурудгоҳи Теҳрон дар фурудгоҳи Фат нишасти изтирорӣ анҷом диҳад, вале аз уҳдааш набаромадааст. Ҳавопаймо аз хати фурудоӣ берун баромада, дар маҳалли аҳолинишин ба садама дучор шуда ва таркидааст.

Дар натиҷа аз 16 мусофиру узви экипаж 15 танашон, аз ҷумла як зан ҷон бохтаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Эронанд. Ягона узви зиндамондаи экипажро ба беморхона интиқол доданд.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, чанд сол аст, ширкати "Наведитс" бо интиқоли гӯшт ба артиши Эрон машғул аст. Нахустин созишнома дар соли равон барои 30 тонна гӯшти гӯсфанд имзо шудааст.

"Онҳо соли 2017 146 тонна ва соли 2018 786 тонна гӯшт интиқол доданд. Дар соли равон бори нахуст буд, ки интиқол медоданд. Аз Қирғизистон ба Эрон танҳо ҳамин ширкат гӯшт содир мекунад", - гуфт Сезимбек Шийшекеев, як масъули Назорати давлатии байтории Қирғизистон.

"Боинг-707" 40 сол пеш ба истифода дода шуда, ин навъи ҳавопаймо аз соли 1958 то соли 1979 истеҳсол шудааст. Ҷамъан 172 ҳавопаймои ин гуна Боинг суқут кардааст.

XS
SM
MD
LG