Ссылки доступа

Пиёзкорон дар Суғд мегӯянд, ба ҷои фоида зарар диданд


Кишоварзон дар вилояти Суғд аз нархи ниҳоят арзони пиёз шикоят доранд. Ҳарчанд ҳосили ин зироат ин сол фаровон шуд, аммо бинобар уфти нархи он дар бозорҳои дохил, деҳқонон мегӯянд, аз ҳосили дастранҷашон ба ҷои фоида зарар мебинанд.

Шавкат Шарифов аз ноҳияи Панҷакент яке аз чунин кишоварзҳост. Ин кишоварз мегӯяд, бо заҳмати зиёд бо ҳамроҳии аҳли оилаш аз замин ҳосили хуби пиёз рӯёниданд, аммо нархи он то ҳадди поён рафтааст, ки ҳатто пули андози заминро рӯйпӯш намекунад.

"Ҳоло пиёзи моро тоҷирон яклухт аз 30 то 40 дирам нарх карда истодаанд. Акнун худ қазоват кунед, ки як кило пиёз 30 дирам нарх дошта бошад, кадом хароҷоти моро мепӯшонад?", иброз дошт ин ҳамсуҳбати мо.

Чанде аз ҳамсӯҳбатони дигари мо низ аз шумори кишоварзон гуфтанд, айнин чунин мушкилро доранд ва тоҷирон ба ҳар килограм дастранҷи онҳо аз 30-40 дирам бештар доданӣ нестанд.

Кишоварзон ба умеди гаронтар шудани нархи пиёз дар зимистон ва ё содироти он ба хориҷ, то ба ҳол мунтазир мондаанд, аммо ҳанӯз ҳам нархи пиёз боло нарафтаст, вале қисме аз дастранҷи онҳо бинобар сардиву намӣ дар анбор талаф меёбад.

Қамариддин Азизмуродов, раиси ҷамоати Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент рӯзи 14-уми декабр гуфт, воқеан кишварзони ин ҷомоат соли гузашта пиёз кошта ҳосили хубе бардоштанд, аммо бинобар арзон шудани нарх, аз корашон фоида гирифта наметавонанд.

Кишоварзон мегӯянд, мақомот мисли мавсими гузашта кишти ин ё он зироатро манъ карда, коштани дигар полезиро талаб мекунанд, ки на ҳама вақт ба талаботи бозор созгор аст. Дар натиҷаи зиёд шудани як маҳсулот, нархи он арзон мешаваду, нархи дигар баракс.

Аммо Алишер Додобоев, муовини сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд гуфт, деҳқонон дар интихоби кишти зироат озоданд ва масъулияти суду зиёни аз зироати киштаашон низ ба дӯши худи онҳост.

"Мо дар мавсими кишт ба онҳо танҳо машварат медиҳем, ки дар замини онҳо кадом зироат беҳтар мерӯяд. Тасмим чӣ киштанро онҳо худашон мегиранд",- гуфт ӯ. Ба иттилои ин мақоми вилояти Суғд, содироти пиёз ба хориҷа ҳам манъ нест ва дар соли 2018 аз ҳудуди вилоят беш аз 76 ҳазор тонна пиёз ба хориҷа содир шудааст.

Нархи пиёз дар Тоҷикистон бинобар иттилои пойгоҳи вижаи ахбори марбут ба маводи хӯроквории "EastFruit" нисбат ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ арзонтарин аст. Мантиқан пиёзи Тоҷикистон бо чунин нархи арзон дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия рақобатпазир аст.

Аммо кишварзон мегӯянд, онҳо таҷрибаи мустақилона имкони ба хориҷа барои фурӯш бурдани маҳсулоти худро надоранд ва то ба ҳол дар интизори харидор ҳастанд, Дар ҳоле ки рӯз ба рӯз қисме аз дастранҷашон талаф меёбад.

XS
SM
MD
LG