Каллапӯшҳои сафед дар гузашта низ дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешуданд. Вале он қадар харидори зиёд надоштанд. Пас аз муҳорибаи Нурмагамедов бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор, ки 7 октябри соли 2018 баргузор шуд, муштариҳои кулоҳи сафед якбора афзоиш ёфтанд. Он замон варзишкори доғистонӣ бо ин гуна кулоҳ ба майдон баромада буд.
Имрӯзҳо каллапӯшҳои сафед яке аз кулоҳҳои серхаридор ва маъруф дар Тоҷикистон шумурда мешавад. "Ман мухлиси Ҳабиб ҳастам. Ӯ яке аз беҳтарин варзишкорон аст", - мегӯяд, Каримҷон Намозов, ки чанд лаҳза пеш кулоҳи сафед харидааст.
"Тавре мухлисон футболкаҳои футболбозонро мехаранд, мо ҳаводорони Ҳабиб ин гуна каллапӯш мехарем", - гуфт яке аз мухлисони Ҳабиб Бахтиёр Маҳмадҷалилов.
Ба гуфтаи фурӯшандаҳои бозорҳои Душанбе, ҳар як харидор аз онҳо мепурсад, ки дар ҳақиқат ҳамин каллапӯш аз Доғистон оварда шудааст, ё не. Фурӯшанда Бахтиёр Содиров мегӯяд, кулоҳи сафеди аслӣ ва босифат 35-40 доллар меистад ва барои бештари сокинони Тоҷикистон он гарон аст. Вале дар бозорҳо метавон навъи пастсифати онро, ки аз Чин оварда шудааст, тахминан бар ивази 10 доллар харид.
Ба гуфтаи яке аз фурӯшандаҳои кулоҳ, каллапӯшҳои "ҳабибӣ"-ро аслан ҷавонон мехаранд. Вале баъзан мардони калонсол низ ба суроғи онҳо хоҳанд омад.