Агар се сол пеш мақомот миқдори заминҳои киштро кам карда бошанд, ҳоло кишоварзони пахтакорро вазифадор карданд, ки ҳадди ақал 100-ҳектари замин гиранд.
Аммо деҳқонон мегӯянд, дар вазъи кунунии номусоиди молӣ, инчунин норасоии нерӯи кориву техника бисёре аз кишоварзон аз уҳдаи нигаҳдории 15-20 ҳектар замин ба зӯрӣ мебароянд ва имкони нигаҳдории бештар аз 100 ҳектар заминро надоранд.
"Ҳамаи душворӣ дубора ба дӯши кишоварзон меафтад. Мо ба хотири нигаҳдории хоҷагиҳоямон тамоми дороиҳоро фурӯхтем, агар мақомот заминҳои моро бигиранд, чи кор мекунем?" - мегӯяд як кишоварз аз Ҷиззахи Ӯзбекистон.
Дар ҳоли ҳозир барои беҳсозӣ ё "оптимизатсия"-и заминҳои корам гуруҳи корӣ таъсис шудааст. Вазорати кишоварзӣ, Додситонии кулл, Вазорати адлия, инчунин кормандони бонкҳо ва мақомоти андоз шомили гуруҳи корӣ ҳастанд.