Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба қаторҳои боркаши Қирғизистон сабукӣ дод


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон миёни корхонаи роҳҳои оҳани Қирғизистон ва корхонаи роҳҳои оҳани Ӯзбекистон созишнома имзо шуд.

Бино бар созишномаи имзошуда, тахфифи ҷорӣ дар ҳаҷми 30% барои интиқоли бор тавассути Ӯзбекистон ба Шуъбаи ҷанубии роҳи оҳани Қирғизистон нигаҳ дошта мешавад.

Ба ҷуз ин, дар соли 2019 дар қисматҳои алоҳидаи роҳҳои оҳани Ӯзбекистон тахфифҳои зерин ҷорӣ мешавад:

– 35% бо назардошти нуқтаи васлкунандаи Хоҷадавлат.
– 40% бо назардошти нуқтаи васлкунандаи Қарақалпоқистон.

XS
SM
MD
LG