Ссылки доступа

Футболбозони қирғиз филиппиниҳоро дар Ҷоми Осиё бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд


Дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон дар доираи бозиҳои Ҷоми Осиё тими Филиппинро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ҳар сеи голҳоро ҳамлагар Виталий Люкс ба ҳадаф расонд. Аз ҷониби ҳариф тӯбро Штефан Шрек ба дарвоза ворид кард. Ин нахустин пирӯзии футболбозони қирғиз дар чемпионат аст.

Варзишкорони қирғиз дар бозии нахустин бо ҳисоби 1:2 аз Чин шикаст хурда буданд. Бозии дувумро бо ҳисоби 0:1 ба Куриёи Ҷанубӣ бохтанд.

Дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон барои баромадан ба плей-офф ё даври ҳаштякниҳоӣ шонс дорад. Вале он аз натиҷаи бозии дастаҳо дар гуруҳҳои дигар вобаста аст.

XS
SM
MD
LG