Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal хабар дода, гуфтааст, ҳамчунин сухан аз дастгоҳе меравад, ки "T-Mobile"-и Амрико барои санҷиши телефонҳои ҳушманд истифода мекард.
Хабаргузории Reuters менависад, аз расман эълом шудани айб зидди ширкати чинӣ бармеояд, ки барои боз кардани парванда аллакай маводи кофӣ ҷамъоварӣ шудааст. Вазорати адлияи ИМА ва Huawei хабари расонаҳоро шарҳ намедиҳанд.
Huawei - яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои мобилӣ ва телекоммуникатсионӣ аст, ки дар Чин фаъолият мекунад. ИМА ахиран номи онро ба "рӯйхати сиёҳ"-и дастраскунандагони техника барои истифодаи давлатӣ ворид кард. Дар Вашингтон бар ин боваранд, ки тавассути дастгоҳҳои ин ширкат мақомоти Чин иттилои дархури манфиатҳои молӣ ё низомии Пекинро ҷамъоварӣ мекунанд. Пештар аз ин ИМА ширкати Huawei-ро аз ҳаққи фароҳам кардани дастгоҳҳо барои истифодаи давлатӣ манъ кард. Мақомоти Австралия ҳам аз истифодаи дастгоҳҳои Huawei парҳез карданд.
Аз истифодаи зербиноиҳои Huawei мақомоти Австралия ва Зеландияи нав низ даст кашиданд. Ҷопон низ хариди техникаҳои ширкатро барои идораҳои давлатӣ манъ кард. Мақомоти Чех низ моҳи декабри соли гузашта ба далели амнияти киберӣ ба мақомоти маҳаллӣ ҳушдор доданд, ки аз дастгоҳҳои Huawei истифода накунанд.
Хадамоти махсуси Лаҳистон ҳафтаи гузашта ду нафарро бо гумони ҳамкорӣ бо иктишофҳои Чин боздошт кард. Яке аз онҳо мудири савдои ширкат дар Лаҳистон аст.