"Дар бораи ҷамъоварии сарбозони захиравӣ ҳанӯз фармоне нест, аммо низомиён аз сатҳи омодагии сарбозони эҳтиётӣ ва навсарбозон ба амалиёти эҳтимолии ҷангӣ нигаронанд", - гуфт манбаъ ба Радиои Озодӣ.
Ин дар ҳолест, ки хабар мерасад, дар Туркманистон сабти номи сарбозони эҳтиётӣ шуруъ шудааст. Гуфта мешавад, артиши Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо аслиҳа ва техникаҳои низомии муосир муҷаҳҳаз мешавад, аммо сатҳи омодагии ҷангӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест.
"Мо солҳои ахир аз Русия, Туркия, Чин ба миқдори лозимӣ аслиҳа харидем. Аммо сарбозон, ки шуморашон ба 35 ҳазор мерасад, омодагии ҷангӣ надоранд. Аз силоҳ истифода бурда наметавонанд, сарбозони эҳтиётӣ бошанд, умуман бо ин силоҳҳо ошно нестанд. Зеро онҳо дар замоне хизмати сарбозӣ кардаанд, ки силоҳҳои нав мавҷуд набуданд", - гуфт манбаъ.
Туркманистон бо Афғонистон наздики 800 километр марзи муштарак дорад. Расонаҳо менависанд, қариб ҳамаи ноҳияҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Туркманистон дар итоати ҷангҷӯён аст.