Ба иттилои расонаҳо, тим аз ҳам пошида ва сармоягузориаш ҳам қатъ шудааст.
Ба гуфтаи Зиёиддин Туйганбоев, яке аз мураббиёни тим, тасмими ширкат накардан ба он хотир қабул шудааст, ки муштзанҳо мехоҳанд, барои Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио омода шаванд. Нахустин мусобиқа, ки мунтахаби Ӯзбекистон дар соли 2019 дар он ширкат мекунад, мусобиқаи анъанавии "Странҷа"-и София аст, ки аз 13 то 17 феврал баргузор хоҳад шуд.
The World Series Boxing (WSB) соли 2008 аз сӯи Эътилофи байналхалқии муштзании ғайрикасбии AIBA таъсис шудааст.
Ёдрас мешавем, моҳи ноябри соли 2018 Ғафур Раҳимов президенти AIBA интихоб шуд. Интихоби вай ба ин мақом норозигии Кумитаи байналхалқии олимпиро ба бор овард.