Ссылки доступа

Қирғизистон аломатгузории марзашро бо Қазоқистон ба поён расонд


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков созишномаи аломатгузории хати марзи кишварашро бо Қазоқистон имзо кард. Дар ин бора сомонаи президент хабар дод.

Ин созишнома 25 декабри соли 2017 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, дар ҷараёни сафари Ҷеенбеков имзо шуда буд. Онро порлумони Қирғизистон 6 декабри соли 2018 ба тасвиб расонд. Ҳоло акнун Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бояд ҷониби Қазоқистонро аз анҷоми раванди тасвиби созишнома дар ин кишвар огаҳ кунад.

Созишномаи мазкур бо ҳадафи ба анҷоми расонидани қайди ҳуқуқии марз имзо шуда буд. Дарозии марзи аломатгузоришуда миёни ду кишвар 257,07 км-ро ташкил медиҳад.

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон 683 аломат ва 1055 симҷуби марзӣ насб шудааст.

XS
SM
MD
LG