Ссылки доступа

Рӯзноманигорон бо нишони эътироз назди бинои пулиси Бишкек ҷамъ омаданд


Рӯзноманигорони нашрияи "Супер-Инфо" ва телевизиони Next TV назди бинои пулиси шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Онҳо гуфтанд, рафтори дағалонаи кормандони пулис нисбати хабарнигорон ҳангоми инъикоси рӯйдодҳои оммавӣ, қобили қабул нест.

17 январ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ барпо шуд. Пулис наздики 20 одамро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кард, ки миёни онҳо хабарнигори Next TV Жоодар Бузумов ҳам буд. Вай аз ҷараёни гирдиҳамоӣ мустақиман гузориш медод ва баъдан гузоришашро аз дохили автобус ва бинои пулис идома дод. Сарфи назар аз он ки Бузумов гуфт, хабарнигор аст, пулис ӯро ҳамроҳ бо дигар боздоштшудаҳо ба идора бурд. Вай баъдтар раҳо шуд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хабарнигорон ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои оммавӣ нимтанаи "Пресса" ба тан мекунанд.

XS
SM
MD
LG