Ин лоиҳаро вакилони порлумон Экмат Байбакпаев (аз ҷиноҳи "Республика - Ата Журт") ва Бакирдин Субанбеков (аз ҷиноҳи "Бир Бол") таҳия кардаанд.
Вакилони ёдшуда баҳори соли 2018 лоиҳаи қонуни мазкурро дар баррасии умум гузошта буданд. Он замон ин ду вакил пешниҳод доштанд, онҳое, ки нисбати кулоҳи сафеди қирғизӣ беэҳтиромӣ мекунанд, 2 ҳазор сом (наздики 30 доллар) ҷарима шаванд. Акнун онҳо пешниҳод доранд, ҷаримаи шахсони воқеӣ барои беэҳтиромӣ ба "оқ калпак" 1000 сом ва ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ 5000 сом муайян шавад.
Пештар аз ин дар порлумон ҳамчунин пешниҳод шуда буд, ки президент ва варзишкорон дар хориҷи кишвар ба таври ҳатмӣ кулоҳи сафед пӯшанд.
Дар Қирғизистон ҳамасола 5 март Рӯзи оқ-калпак ва либосҳои миллии қирғизӣ таҷлил мешавад.