Абэ ибтидои моҳи январ гуфт, Ҷопон талабгори Курил мебошад ва розӣ аст, ки сокинони руси ҷазира баъди пайвастани он ба ҳудуди кишвараш низ дар онҷо зиндагӣ кунанд. "Дар ҳақиқат раванди гуфтугӯро мушкил карданд", - гуфт Ушаков дар шарҳи ин суханҳо.
Ҷопон эътироф намекунад, ки ҷазираҳои Итируп, Шикотан, Кунашир ва Хабомай ба Русия тааллуқ доранд.
Ин ҷазираҳоро СССР дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум ишғол карда буд. Русия ва Ҷопон ба далели баҳсбарангез будани мақоми онҳо то ҳол созишномаи сулҳ имзо накардаанд. Пас аз мулоқоти Абэ бо президенти Русия Владимир Путин дар моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд, ки Ҷопон омодааст, ба эъломияи соли 1956 дар бораи ҷазираҳо баргарданд.
Дар он эъломия СССР розӣ шуда буд, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ ҷазираҳои Хабомай ва Шикотанро ба Ҷопон баргардонад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, имзои созишномаи сулҳ маънои додани ҷазираҳоро ба Ҷопон надорад.
Гуфтугӯҳои эҳтимолӣ дар бораи мақоми ҷазираҳо боиси интиқоди шадид шудани Путин аз ҷониби ҷабҳаҳои гуногуни сиёсӣ гашт.
Дар Москва ва шаҳрҳои дигари Русия 20 январ сокинон зидди додани ҷазираҳо ба Ҷопон тазоҳурот карданд. Дар эътирозҳо фаъолони ҳаракатҳои чапгарову ростгаро иштирок доштанд. Иштирокдорон ҳукумати Русия ва Путинро танқид карданд.