Ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур аз соати 12:00-и зуҳри он рӯз қатъ карда шуд.
Дар шоҳроҳи "Алмато- Уст-Каменогорск" ҷамъан 7 автобус, 45 камаз, 30 мошини сабукрав ва 8 газел бо наздики 420 одам банд мондаанд.
Барои интиқоли шаҳрвандон ба ҷойи амн ба маҳалли ҳодиса нирӯ ва техникаҳои махсус фиристода шуд. Вале сокинон гуфтаанд, мошинҳои худро тарк нахоҳанд кард.