Ссылки доступа

Роскомнадзор зидди Facebook ва Twitter парванда боз кард


Роскомнадзор зидди шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер барои он ки нагуфтанд, маълумоти шахсии русиягиҳоро чи гуна ҳифз мекунанд, санади маъмурӣ тартиб дод.

Ба гуфтаи намояндаи Роскомнадзор, ширкатҳои амрикоӣ ба дархости онҳо "посухҳои расмӣ" додаанд ва дақиқ нагуфтаанд, ки воқеан ҳам қонунгузории Русияро дар ҳоли ҳозир риоя мекунанд ё не.

Дар хадамоти матбуотии Роскомнадзор ба нашрияи "Медуза" тасдиқ карданд, ки зидди ду шабакаи иҷтимоӣ бо банди пешниҳод накардани маълумот санад тартиб хоҳанд дод. Пештар ин ниҳод гуфта буд, ба ҳар касе, ки ба ниҳодҳои давлатӣ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ иттилоъ намедиҳад, ҷарима таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG