Ссылки доступа

Сафари афсарони эҳтиётии туркман ба хориҷ манъ шуд


Дар Туркманистон сафари афсарони эҳтиётӣ ба хориҷ манъ шуд. Як манбаъ дар мақомоти низомии ин кишвар гуфт, афсарони эҳтиётӣ аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват шуда, аз онҳо талаб карда мешавад, ки дар маҳалли қайди худ зиндагӣ кунанд.

Ба тамоми комиссариатҳои ҳарбии Туркманистон дастур шудааст, ки омодагии ҷангии мардони то 50-соларо бисанҷанд.

Тақрибан ҳамаи вилоятҳои Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарзанд, дар ихтиёри гуруҳи тундрави Толибон қарор доранд. Дарозии марзи муштараки ин ду кишвар ҳудуди 800 километр буда, низомиён аз эҳтимоли сурат гирифтани амалиётҳои ҳарбӣ дар марз нигаронанд.

"Мо таҷрибаи гузаронидани ягон навъи амалиёти низомиро надорем. Фармондеҳӣ мегӯяд, ягона роҳи дурусти бурунрафт гуфтугӯ бо Толибон ва гуруҳҳои дигар аст. Вазъ аз замони раҳбарии президенти пешин Сафармурод Ниёзов ҳамин хел буд. Вай он замон мегуфт, ки шумо барои ҳимояти кишвар лозим нестед. Равед пахта чинед ва корҳои кишоварзиро анҷом диҳед, ман худам кишварро ҳимоя мекунам", - афзуд манбаъ.

Хабаргузории "Хроники Туркменистана" ибтидои моҳи январ аз оғози санҷиши афсарони эҳтиётӣ дар ин кишвар хабар дода буд. Сар аз 8 январ ба тамоми мардон - кормандони муассисаҳои давлатӣ дастур шудааст, ки билетҳои ҳарбии худро ба шуъбаи кадрҳо супоранд.

XS
SM
MD
LG