Ссылки доступа

Зани 70-солаи тоҷик пас аз қасди худсӯзӣ шартан аз ҳабс озод шуд


Истад Қурбонова
Истад Қурбонова

Сокини ҳафтодсолаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд Истад Қурбонова, ки дар боздоштгоҳи пулис қасди худсӯзӣ кард, шартан озод шуд. Додситонии вилояти Суғд 22 январ дар номае ба пайвандони Қурбонова гуфтанд, ӯ ба табобат ниёз дорад ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз ҳабс озод аст.

Дар номаи додситонӣ дар бораи қасди худсӯзии Қурбонова дар боздоштгоҳи муваққатии пулиси Айнӣ чизе гуфта нашудааст. Аммо Баҳодур Бобоев, шавҳари Қурбонова гуфт, Додситонии вилоят дархости асосии онҳоро, ки қазияи ҳамсарашро на мақомоти маҳаллӣ, балки мақомоти вилоятӣ таҳқиқ кунанд, рад намудааст.

"Дархост кардем, ки аз Хуҷанд ё аз Душанбе омада, қазияро бетарафона тафтиш кунанд. Маълум намоянд, ки дар баҳси замин кӣ гунаҳкор аст. Вале Додситонии вилоят санҷиши аризаи моро боз ба Додситонии ноҳияи Айнӣ вогузор кард", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Бобоев, маҳз норизоии Қурбонова аз таҳқиқи мақомоти маҳаллӣ боис ба қасди худсӯзиаш шудааст. Шавҳари Истад Қурбонова афзуд, ҳамсараш ба ҷуз аз сӯхтагии бадан аз бемориҳои қанд ва фишорбаландӣ ҳам азият мекашад.

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.

Дар аввал дар замони тафтиши ҳодиса ӯ ба ҳабс гирифта нашуда буд. Рӯзи 11-уми январи имсол бо сабаби ба пурсиш ҳозир нашудани Истад Қурбонова, нисбат ба ӯ чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ гардид.

Мақомот ҳанӯз чӣ тавр дар боздоштгоҳ қасди худсӯзӣ кардани Қурбоноваро расман шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG