Ссылки доступа

Алишер Усмонов ба Маркази исломии Тошканд ба маблағи $8 млн китобҳои нодир туҳфа кард


Раиси Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Шоазим Миноваров хабар дод, ки олигархи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба ин марказ 4 ҳазору 923 китоби нодирро ба маблағи 8 миллион доллар туҳфа кардааст.

Хабаргузории давлатии Ӯзбекистон бо истинод ба Миноваров навиштааст, ки "ин китобҳо асарҳои нодиреанд, ки бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар асрҳои XIII дар бораи таъсири шарқшиносӣ ва ҷаҳони Ислом ба Аврупо навишта шудаанд".

Зодаи шаҳри Намангон сарватманди Русия Алишер Усмонво дар суҳбат бо маҷаллаи Forbes 20 декабри 2018 гуфт, бо пуле, ки аз фурӯши дастаи футболи "Арсенал" ба даст овардааст, дар Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Маркази тамаддуни исломии ин кишвар тарҳҳоеро иҷро мекунад.

Усмонов он замон гуфта буд, ки аллакай ба Маркази исломии шаҳри Тошканд 100 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG