Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, мансабдорон барои надонистани забони давлатӣ муҷозот шаванд


Азимбек Бекназаров, сиёсатмадор ва фаъоли ҷамъиятӣ ба порлумон, ҳукумат ва президенти Қирғизистон пешниҳод кард, ки вазъи забони давлатӣ беҳ карда шавад.

Вай мегӯяд, баъди он ки дар соли 2000 ба Конститутсияи Қирғизистон тағйиру иловаҳо дар бораи мавқеи забони расмӣ ворид шуд, вазъи забони қирғизӣ бадтар гардид. Сиёсатмадор мисол меорад, ки тамоми таблиғот дар расонаҳо асосан бо забони русӣ, англисӣ, арабӣ, куриёӣ ва чинӣ нашр мешавад.

Азимбек Бекназаров пешниҳод дорад, барои ислоҳи вазъ танҳо касоне ба хизмати давлатӣ пазируфта шаванд, ки забони давлатиро медонанд. Ба ҷуз ин вай мегӯяд, мансабдорон барои надонистани забони давлатӣ 5,5 ҳазор сом (наздики 80 доллар) ҷарима шаванд.

Пештар аз ин дар Қирғизистон пешниҳод шуда буд, ки бо баргузории ҳамапурсӣ меъёри мақоми расмии забони русӣ аз Конститутсия бардошта шавад.

Ин яке аз пешниҳодҳои кумитаи иҷроияи қурултойи нерӯҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва меҳанпарастии Қирғизистон барои ҳамапурсии ворид кардани тағйирот ба Конститутсия аст.

"Забони русӣ барои мо зарурист. Аммо ҳамчун яке аз забонҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ. Ба хотири он ки вақте мо дар хориҷ ҳастем, бо ин забон гуфтугӯ кунем. Ин забон бояд аз боғчаҳо сар карда ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонида шавад. Вале мақомаш бояд мисли забонҳои СММ - байналхалқӣ бошад, дар як радиф бо англисӣ. Забони давлатӣ бояд забони қирғизӣ боқӣ монад. Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо бояд бо забони қирғизӣ сурат гиранд ва мансабдорон ҳам бояд бо забони қирғизӣ суханронӣ кунанд. Агар ин чораҳо андешида нашаванд, қирғизҳо аз байн мераванд", - гуфт Азимбек Бекназаров, намояндаи қурултой.

Дар Қирғизистон забони русӣ мақоми расмӣ дорад. Коргузорӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳо бо забонӣ русӣ норизоии қисме аз ҷомеаро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG